Татбиқи лоиҳаҳои сохтмон , таҷдид ва навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ

Июль 4, 2014 11:43

Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарияти вазорати нақлиёт ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.Дар ҷаласа вазъи кунунии сохтмони роҳҳо дар мамлакат, таҷдид ва навсозии онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳолати феълии аксар роҳҳои мамлакат, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва харҷи зиёди маблағҳои худӣ бунёд гардидаанд ташвишовар арзёбӣ гардид. Аз ҷумла таъкид шуд, ки дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кулма қитъаи Душанб е- Данғара зимни корҳои сохтмонӣ камбудиҳои зиёди корҳои роҳсозию муҳандисӣ сарфи назар карда шуда, шароит ва иқлими маҳал ба инобат гирифта нашудааст.Ин ҳолат дар қитъаи роҳи мазкур боиси дар фурсати кўтоҳ корношоям гардидани роҳҳо гардида харҷҳои иловагиро пеш гузоштааст.Чунин ҳолат дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода ва дигар роҳҳои аҳамияти байналмилалию маҳалӣ дошта низ ба назар мерасанд.
Муовини сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорати нақлиёт ва роҳбарони марказњои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва навсозии роҳҳои ҷумҳуриро дар ҷаласа барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, вусъат бахшидани корҳои сохтмони роҳҳо, беҳтар гардонидани сифати корҳои лоҳакашию муҳанисӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ иҷро намудани лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар бахши сохтмон, таҷдид ва навсозии роҳҳо вазифадор кард.

Июль 4, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд