Қӯрғонтеппа- шаҳри зебои Тоҷикистон

Август 20, 2014 11:06

Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ба гунаи таҷрибаи нахуст дар ҳудуди вилояти Хатлон дар майдони «70-солагии водии Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯнамоии лоиҳаҳои меъмории маркази маъмурии вилоят,  ки барои 20 соли оянда пешбинӣ шудаанд, баргузор шуд.  
Дар минтақаҳои холии роҳи давродаври аввал сохтмони манзилҳои истиқоматии на кам аз 4-ошёна ва дар буриши кӯчаҳои асосӣ на кам аз 9, 12 ва 15-ошёна пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша варзишгоҳҳои каммасоҳати “Пахтакор”-у “Ҷавонӣ”-ро муҷтамаи варзишӣ — фароғатии “Қӯрғонтеппа”, ки аз майдони футбол барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, чорбоғ, бинои маъмурӣ, боғ барои калонсолон, чархофалак, фаввораи мунаввар иборат хоҳад буд, иваз хоҳад намуд. 
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, изҳори боварӣ кард, ки масъулон ва соҳибкорон баҳри амалӣ гардидани лоиҳаҳои нақшаи кулли маркази маъмурии вилоят камари ҳиммат мебанданду шаҳри Қӯрғонтеппа ба яке аз шаҳрҳои зебою тараққикардаи Тоҷикистон табдил меёбад. 

Август 20, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад