Ҳукумат ба Парлумон лоиҳаи қонунҳоро пешниҳод кард

Август 30, 2014 12:27

 Душанбе,  30.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Ҳукумати мамлакат, ки 29 август таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, як силсила лоиҳаи қонунҳоро маъқул шуморида,   ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба Парлумони кишвар-Маҷлиси намояндагон  фиристод. Инҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати содирот” инчунин лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” мебошанд.
      Ҳамзамон дар маҷлиси ҳукумати мамлакат нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014, инчунин  аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии таъмини амволи махсус ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тасдиқ  шуданд.

Август 30, 2014 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад