Ҷасади шаҳрванди ҷумҳурӣ муайян гардид
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба маълумоти Хадамоти мутбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Раҳмоналӣ Одинаев иттилоъ додааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Новокузнетск дар яке аз сохтмонҳои шаҳр ҷасади номаълуми шаҳрванди ҷумҳуриро, ки бар асари сактаи дил фавтидааст, пайдо намуданд. Бояд гуфт, ки фавтида ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надошт.
Баъди ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ муроҷиат намудан, ному насаби шахси фавтида муайян гардид.
Ӯ Қурбонов Ҳамзаалӣ Икромович, соли таваллудаш 1959 будааст. Марҳум истиқоматкунандаи деҳаи Қирғизони ҷамоати деҳоти «Баҳор»-и ноҳияи Ваҳдат мебошад.
Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Раҳмоналӣ Одинаев хабар додаст, ки дар айни замон ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск ҳамаи корҳои лозимиро нисбат ба марҳум ба анҷом расонидааст.
Рӯзҳои наздик тобути шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тариқи тайёра ба Ватан фиристода мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






