А.Қодирӣ: Эҳёи ҳунарҳои миллӣ- талаби замон

Август 28, 2014 11:49

Хуҷанд, 28.08.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо иштироки муовинони  раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои мақомоти вилояти  ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии раиси  вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  доир гардида, зимни он сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷамъбаст ва натиҷабардорӣ гардид. 
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро баррасӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Роҳбари вилоят инчунин  рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоятро таҳлил намуда, дар маҷмӯъ аз вазъи иктисодиву иҷтимоии вилоят изҳори қаноатмандӣ кард ва бартараф намудани камбудиҳоро тақозо намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки иҷрои нақшаи ба истифода додани корхонаҳои нави саноатиро, ки соли ҷорӣ бояд 160 корхонаи хурду калон ба истифода дода  шавад, таъмин намоянд.
Ҳамчунин   А.Қодирӣ барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии  қадимии мардуми тоҷик, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба таври оммавӣ омӯзондани сокинонро аз тамоми гӯшаву канори вилоят муҳим арзёбӣ намуд, зеро тавассути ба роҳ мондани ҳунармандӣ, хосса қолинбофии дастӣ ва адрасу атласи миллӣ меҳнати хонагӣ ривоҷ ёфта, дар шароити кунунӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани мардум имконпазир мегардад. Роҳбари вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бо ҳамкории мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон  омӯзондани тарз ва усули қолинбофии эронӣ ва афғониро бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ боз ҳам ривоҷ диҳанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили мева, сабзавот ва пахта,  шафофияти қабул ва коркарди пахта аз рӯи намудҳои пахта,  гузаронидани кишти такрориву тирамоҳӣ, истифодаи  тухмиҳои аълосифат ҳангоми кишти такрорӣ,  зиёд намудани кишти картошка дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Ғончӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакату маҳсулоти содиротии кишоварзӣ ва истифодаи технологияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шуд.

Август 28, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад