Авҷи дарави ғалла дар хоҷагиҳои кишвар

Август 20, 2014 11:04

Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Тибқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ имсол дар ҷумҳурӣ дурнамои майдони кишти ғалладонагиҳо 292 ҳазору 334 гектарро ташкил медиҳад, ки то 18.08.2014 майдони зиёда 243,9 ҳазор (83,5%) гектар дарав шудааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо зиёда аз 664,3 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 28,4 сентнериро ташкил медиҳад. Майдони 235,2 ҳазор гектар кӯфта шудааст, инчунин дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 130 адад комбайнҳои ғалладарав ба кор ҷалб шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ  кишоварзони вилояти Хатлон дар  майдони 140,2 ҳазор гектар кишти ғалладонаро гузарониданд, ки дар айни замон майдони 131 ҳазор гектари он дарав шудааст. Ҳосили умумӣ дар вилоят 409,7 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 34 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияи Темурмалик нақшаи ҷамъоварии ғалладонаро пурраю барзиёд иҷро намуданд. Дар ноҳия   то имрӯз майдони 11,3 ҳазор гектар ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ  шуд, ки баробари 107 фоизи нақша мебошад.
Дар хоҷагиҳои килояти Суғд имсол дар майдони 84,3 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд, то имрӯз майдони 62 ҳазор гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо дар вилоят 107 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 17,2 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилоят кишоварзони ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Айнӣ ва Мастчоҳ иҷрои нақшаи дарави ғаладонаро пурраю барзиёд таъмин намуданд.
Соли ҷорӣ дар ВМКБ дар майдони 6078 гектар кишти ғалладона гузаронида шуд. Дар айни замон майдони 2168 гектари он дарав  шудааст, ки баробари 35,7 фоизи нақша мебошад. Ҳосили умумӣ 1291 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 13,5 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 61,6 ҳазор гектар кишти ғалладона гузаронида шуда, майдони 48,6 ҳазор гектари он дарав шудааст, ки баробари 78,8 фоизи нақша мебошад. Ҳосилнокии умумии ҷумъоварии ғалладонагиҳо 124,6 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27,9 сентнериро ташкил медиҳад.
 
 

Август 20, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад