Баргузории амалиёти «Биёед китоб мехонем» дар пойтахт

Август 12, 2014 09:27

Душанбе, 12.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, дар Боғи ба номи устод Рудакӣ амалиёти «Биёед китоб мехонем» баргузор мегардад. Тавре ки дар ин бора мудири бахши иттилоотии таҳлилии Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар ин чорабини 1000 адад китобҳои гуногуни бадеӣ, инъикоскунандаи хулқу атвори инсонӣ ва 1000 нусха Рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба шаҳрвандон ва дўстдорони қитоб тақсим карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мақсад аз ин иқдом ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигаҳдории китоб ва бар ин васила ҳидоят сохтани онҳо ба аз худ кардани илму маърифат, хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ нигоҳ доштани онҳо аз бекоргардию беҷогардӣ ва амалҳои номатлубу номуносиби ҷамъиятӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои асосии Кумитаи мазкур ин таъмини иштироки ҷавонон дар рушди фарҳанг ва бар ин васила тақвият бахшидани китобхонию китобдорӣ дар байни насли наврас ва ҷавон мебошад.

Август 12, 2014 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад