Баррасии ҳифзи сарҳадот дар Чин

Август 20, 2014 11:08

Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳайати кории мақомоти корҳои дохилӣ, таҳти сарварии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) сафар намуд.
Зимни сафари корӣ мулоқоти Рамазон Ҳамро бо вазири бехатарии ҷамъиятии  ҶМЧ Го Шенкун ва Котиби комиссияи сиёсӣ-ҳуқуқии Кумитаи марказии ҳизби комунистии ҶМЧ  Мэн Цзянчжу баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҳифзи сарҳадот мавриди баррасӣ гирифта, тарафҳо таъкид намуданд, ки мубодилаи мунтазами ахбор вобаста ба ҷиноятҳои фаромиллӣ боиси пешгирии ҷинояткорӣ мегардад. Ҳамзамон  дар самти омода намудани кадрҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Инчунин зимни сафар ҳайати кории Вазорати корҳои дохилӣ аз якчанд идораву сохторҳои Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ дидан намуд. Ҳангоми боздид аз Донишкадаи тадқиқоти илмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ роҳбарияти он омодагии худро вобаста ба ҳамкорӣ, ҷиҳати андӯхтани таҷрибаи пешқадам ва боло бурдани малакаи касбӣ изҳор намуданд.
Тибқи иттилои Ҷалолиддин Садриддин, сардори маркази матбуоти ин ниҳод сафари кории ҳайати намояндагии Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад.
 
 

Август 20, 2014 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад