Баррасии ҳифзи сарҳадот дар Чин
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳайати кории мақомоти корҳои дохилӣ, таҳти сарварии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) сафар намуд.
Зимни сафари корӣ мулоқоти Рамазон Ҳамро бо вазири бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ Го Шенкун ва Котиби комиссияи сиёсӣ-ҳуқуқии Кумитаи марказии ҳизби комунистии ҶМЧ Мэн Цзянчжу баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҳифзи сарҳадот мавриди баррасӣ гирифта, тарафҳо таъкид намуданд, ки мубодилаи мунтазами ахбор вобаста ба ҷиноятҳои фаромиллӣ боиси пешгирии ҷинояткорӣ мегардад. Ҳамзамон дар самти омода намудани кадрҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Инчунин зимни сафар ҳайати кории Вазорати корҳои дохилӣ аз якчанд идораву сохторҳои Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ дидан намуд. Ҳангоми боздид аз Донишкадаи тадқиқоти илмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ роҳбарияти он омодагии худро вобаста ба ҳамкорӣ, ҷиҳати андӯхтани таҷрибаи пешқадам ва боло бурдани малакаи касбӣ изҳор намуданд.
Тибқи иттилои Ҷалолиддин Садриддин, сардори маркази матбуоти ин ниҳод сафари кории ҳайати намояндагии Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






