Чаро низомиёни рус ба куштор даст заданд?

Август 27, 2014 17:14

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазорати корҳои дохилаи кишвар бо гумони даст доштан дар ҷинояти куштор ду нафар низомии Пойгоҳи ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгир намуд. 
Ёдовар мешавем, ки 19-уми августи соли 2014, тахминан соати 01.30 дақиқа дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар дохили мошини  тамғаи «Opel Astra», рақами давлатиаш ТҶ 07-19 АН 01 ҷасади шаҳрванд Тешабоев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ҷароҳатҳо дар қисмати гардан бо истифода аз олоти халандаву бурранда дарёфт гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ВКД, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор шаҳрвандони Федератсияи Русия Сахапов Илдар Масхутович, собиқ сардори гурӯҳи қисми низомии 31691 Пойгоҳи  ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Басимов Федор Рифанович, муовини қумандони взводи қисми низомии 31691 пойгоҳи  мазкур дастгир шуданд.
Номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба онҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.
 

Август 27, 2014 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад