Дарёфти Ҷоми вазири мудофиа дар гарнизони Хоруғ

Август 18, 2014 11:54

 Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинишудаи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа дар  нимаи аввали моҳи августи соли равон байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, мусобиқаи варзишӣ панҷ рӯз доир гашта,  дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намуди ҷанги тан ба тан, гӯштини дзюдо, давидан ба масофаи 100 метр ва футболи хурд байни ҳам сабқат намуданд.
Қобили зикр аст, ки ташкили пайвастаи чунин мусобиқаҳо пеш аз хама дӯстиву рафоқатро дар байни сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар боз ҳам устувор гардонида, шавқу ҳаваси онҳоро ба намудҳои гуногуни варзиш зиёд мегардонад. 
Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ, ин пеш аз ҳама, тақвият бахшидани соҳаи варзиш, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии афсарону сарбозон ва рушди он дар байни дастаҳои варзишии ҷузъу томҳои Артиши миллии кишвар мебошад. Дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо Ҷоми вазири мудофиа, медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
 
 

Август 18, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад