Дастовардҳои Истиқлол дар соҳаи маориф
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Миллати сарбаланд ва соҳибтамаддуни тоҷик соли равон 23-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон, ҷашнеро, ки таҷассумкунандаи тамоми дастовардҳои бисту се соли исиқлолият дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хоҳад гашт, таҷлил менамояд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар давраи аз Истиқлол то Истиқлол фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монд.
Дар ин давра лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи махсус» омода гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ҳамчунин лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Инчунин лоиҳаҳои «Тартиби қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Тартиби қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва «Тартиби қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар соли таҳсили 2014-2015» тасдиқ карда шуданд.
Дар ин давра дар 13 ҷаласаи навбатӣ ва сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илм 226 масъала ва танҳо дар ҷаласаҳои назоратии назди вазир 28 масъала муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Дар ҷаласаҳои машваратии назди вазир ба масъулин 838 дастуру супориш ҷиҳати ҳалли масоили мубрами соҳа дода шудааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, пеш аз ҳама, дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва баррасӣ намудани арзу муроҷиати онҳо дар Вазорати маориф ва илм таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар 6 моҳи аввали соли 2014 аз тарафи вазири маориф ва илм 20 маротиба қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли арзу муроҷиати 357 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ яке аз зинаҳои асосӣ дар соҳа маҳсуб ёфта, имрўз шумораи кўдакистонҳо дар ҷумҳурӣ аз 508 ба 527 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 адад зиёд шуд, ки аз инҳо 8 адад дар вилояти Хатлон ва 9 адад дар вилояти Суғд, 1 адад дар шаҳри Душанбе ва 1 адад дар ноҳияи ҳисор мебошанд. Шумораи кўдакон дар онҳо аз 76 370 нафар ба 80 442 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 072 нафар зиёд мебошад. Илова ба ин, дар ҷумҳурӣ 30 кўдакистони хусусӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 7 муассиса зиёд аст.
Татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солхои 2011-2015» дар муассихои таҳсилоти умумии шахру нохияхои ҷумҳурӣ идома дорад. То имрўз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо 46978 адад компютер, 7597 адад принтер таъмин гардидаанд, ки 99,1 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Барои пурра иҷро намудани барнома муассисаҳои таълимӣ боз ба 408 адад компютер эҳтиёҷ доранд.
Бояд гуфт, ки дар давоми соли 2014 шаклҳои гуногуни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили анъанавӣ, номӣ, даставӣ дар байни мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд.
Аз 11-18 январи соли 2014 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналхалқии Жаутикови аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар он 32 нафар хонандагони тоҷик иштирок намуданд. Аз ин олимпиада хонандагони мо сазовори 19 медал — як медали тилло, 5 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2013 5 медал зиёдтар мебошад.
Инчунин 14 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз фанни математика дар Олимпиадаи байналхалқии Жолдосбеков иштирок намуда, 4 лоиҳаи иштирокдорони тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва 3 лоиҳаи дигар сазовори ҷойи сеюм гардида, 14 нафар хонандагон сазовори дипломҳои дараҷаи 2, 3 ва соҳиби медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Соли 2013 хонандагони мо дар ин олимпиада сазовори танҳо 8 ҷойи сеюм гардида буданд.
Рўзҳои 8-13-уми марти соли ҷорӣ 15 нафар хонандагон (Гимназия-интернати Тоҷикистону Россия “Ҳотам ва ПВ”, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ, литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе ва Мактаби махсусгардонидашудаи Президентии шаҳри Чкалов) дар Олимпиадаи байналхалқии “Роҳи абрешим” аз фанни математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд, ки сазовори 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Соли 2013 хонандагони мо дар ин озмун сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар ин давра 5 нафар хонандаи кишвар дар Олимпиадаи байналхалқӣ аз фанни забони русӣ дар шаҳри Москва иштирок намуда, 1 нафар ғолиби мутлақи ин олимпиада, 1 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 2 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 1 нафар сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Дар маҷмўъ, хонандагони мо дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 дар давлатҳои Русия, Қазоқистон, Амрико, Туркия, Руминия, Булғория дар олимпиадаҳои байналхалқӣ сазовори 90 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 27 адад зиёд аст.
Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ Вазорати маориф ва илм танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 21 вохўрии расмии вазири маориф ва илм бо сафирон ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм доир гардид ( дар ҳамин давраи соли 2013 — 15 вохўрӣ).
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин 280 нафар довталаб ва ба Донишгоҳи электротехникии шаҳри Санкт-Петербург 19 бакалавр ва 27 магистр қабул карда шуд.
Бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илм ва вазорату кумитаҳои дахлдор дар беморхонаи марказии Донгсани шаҳри Тегуи Кореяи Ҷанубӣ 9 нафар хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор аз ҷониби табибони ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки маблағгузорӣ барои соҳаи маориф сол аз сол зиёд шуда истодааст. Агар дар соли 2013 барои муассисаҳои тобеи вазорат 145 211 996 сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2014 ин маблағ ба 174. 351 213 (20% афзоиш) сомонӣ расидааст.
Хуллас, пешравиҳо дар соҳаи маориф хеле зиёд ба чашм мерасанд, ки сарчашмаи ҳамаи ин бурдбориҳо соҳиби Истиқлол будани Тоҷикистони шукуфон аст