Диплом ба ивази 1500 доллар

Август 25, 2014 10:13

Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Баҳриддинова 1500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, шаҳрванд Баҳриддинова ба Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст. Бино ба гуфтаи арзкунанда,  корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо роҳи фиреб барои додани дипломи донишгоҳи мазкур, ки шаҳрванд Баҳриддинова дар он ҷо муддати 5 сол таҳсил намудааст, маблағи  1500 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотӣ 19 августи соли 2014  Нодирова Луъбат Шарифовна, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани 1500 доллари амрикоӣ дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дастгир шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуданд.
 Нисбат ба Нодирова Луъбат Шарифовна парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “Б” КҶ. ҶТ оғоз шуд. Тафтиши  парвандаи ҷиноятӣ давом дорад.

Август 25, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад