Иди «Асал ва харбуза-2014» дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар остонаи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ бо маводи озуқа дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» 30-юми августи соли равон иди «Асал ва харбуза-2014»доир мегардад.
Қабули «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2006-2010» ба пешрафти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. То қабули барнома, яъне то соли 2006 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ 49 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешуд. Дар натиҷа тибқи маълумотҳои оморӣ то 1.07.2013 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 202 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст. Соли ҷорӣ ҷиҳати рушди соҳаи асалпарварӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин маблағ 200 оилаи занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, инчунин доруворӣ ва хӯрокӣ харид гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба занбӯрпарварон дастрас шуд. Инчунин аз ҳисоби маблағи мазкур харидорӣ намудани сехи шикастани кристализатсия ва дар зарфҳо ҷобаҷокунии асал ва 350 модарзанбӯри зотӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ дар назар аст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 500,5 тонна асал истеҳсол шудааст.
24 августи соли ҷорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар иди“Асал ва харбуза-2014” навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаши харидорон ва тамошобинон гардонида мешавад. Ғолибони чорабинии мазкур барои иштирок дар ҷашни “Асал ва харбуза-2014”, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ доир мегардад, роҳхат мегиранд. Ҳамзамон беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёддовар мешавем, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ асалпарварони ҷумҳурӣ зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардониданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






