Истеҳсоли 500,5 тонна асал дар шаш моҳ
Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар дар ҷумҳурӣ соли равон ҷиҳати рушди соҳаи асалпарварӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин маблағ 200 оилаи занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, инчунин доруворӣ ва хӯрокӣ харид гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба занбӯрпарварон дастрас шуд. Бояд зикр намуд, ки аз ҳисоби маблағи мазкур харидорӣ намудани сехи шикастани кристализатсия ва дар зарфҳо ҷобаҷокунии асал ва 350 модарзанбӯри зотӣ аз марзи ҷумҳурӣ дар назар аст.Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1-уми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 500,5 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,4 тонна зиёд аст.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






