Истеҳсоли таблофаршҳо дар Суғд

Август 19, 2014 15:46

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-   Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ — мушовир ва пажуҳишгар аз шаҳри Машҳади кишвари Эрон вохӯрд.
Мулоқот дар доираи амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои марказии мақомоти иҷроия — эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қолинбофӣ дар вилоят сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории тарафайн бо мутахассисони эронӣ ҷиҳати рушди ин ҳунари сердаромад дар Суғди бостон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ яке аз мутахассисони беҳтарини соҳаи қолинбофӣ дар Эрон мебошад, ки алҳол дар 6 донишгоҳи олии қолинбофии ин кишвар, аз ҷумла донишгоҳҳои Биржанди вилояти Хуросони ҷанубӣ, Ардакони вилояти Язд ва Бужнурди вилояти Хуросони шимолӣ дарс мегӯяд ва дар 15 донишгоҳи дигар ба ҳайси мушовир фаъолият дорад.
Мутахассиси эронӣ доир ба нақшаҳои фаъолият дар вилояти Суғд ва ҳамкориаш бо маркази таълимию истеҳсолии «Шероз» ҳарф зад. Доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ ният дорад истеҳсоли таблофаршҳоро дар минтақа ба роҳ монад, ки аз намудҳои маъмулии қолинбофӣ ба ҳисоб мераванд ва дар бозори ҷаҳонӣ серхаридоранд. Бо ин мақсад намунаи бастаҳои ашёи тайёрро барои истеҳсоли таблофаршҳо, ки аз ресмонҳои тайёри рангкардашуда ва нақшу нигор иборатанд, ба роҳбари вилоят муаррифӣ намуд. Зимнан, истеҳсоли таблофаршҳоро метавон дар 2 моҳ азхуд кард.
Ҷонибҳо асосан ба истеҳсоли қолинҳои абрешимӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки аз ҷиҳати сифат олӣ ва дар бозори хориҷӣ низ нархи баланд доранд. Масалан, як метри мураббаи қолини абрешимиро метавон бо нархи аз се то панҷ ҳазор доллар барои муштариёни хориҷӣ пешниҳод намуд.
Ҳадафи асосии мутахассиси эронӣ ҳар сол ба вилоят дастрас намудани 10 ҳазор чунин бастаи тайёри маводи гилембофӣ ва бо ин васила таъмин намудани ҳамин миқдор мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кор бевосита дар хонаҳояшон мебошад.
Зимни мулоқот ҳамзамон масъалаҳои рушди истеҳсоли абрешим дар вилоят, тавсеаи фаъолияти маркази таълимии «Шероз» ва таъсиси донишгоҳи қолинбофӣ дар Суғд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Роҳбари вилоят афзуд, ки имрӯз дар вилоят ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ диққати хосса зоҳир мешавад.  Иқдоми эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтааст ва барои рушди соҳа қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба тавсиб расидааст.
Худи ҳамин рӯз мутахассиси эронӣ Абдуллоҳ Аҳрорӣ як миқдор бастаҳои ашёи аввалияро ба маркази таълимию истеҳсолии «Шероз» дастрас намуд. Таъкид гардид, ки арзиши як баста ашёи аввалия, ки барои истеҳсоли як таблофарш пешбинӣ шудааст, то  100 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Нархи як таблофарши омодашуда аз 300 доллар зиёд аст ва он ба бозори содиротӣ роҳ хоҳад ёфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 

Август 19, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад