Истифодаи компютерҳо дар дорухонаҳо

Август 18, 2014 11:56

Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена  Батенкова). – «Ба  манзури  беҳдошти  фаъолияти  дорухонаҳо  ва  хадамоти  мо  дар   кишвар  дорухонаҳо  бо  компютерҳо таъмин  карда  мешаванд. То имрӯз  қариб  980  дорухона  бо  компютер  таъмин  шудааст, ки  аз  ҷумлаи он қариб  700 – тоаш  почтаи  электронӣ  дорад, — гуфт   зимни  суҳбат бо   хабарнигори  АМИТ «Ховар»  муовини роҳбари Хадамоти  назорати давлатии  муассисаҳои  дорусозии  ҶТ  Маҳмадалӣ  Давлатов. 
Қобили  зикр  аст, ки дар  ҳар  кадоми дорухонаҳо то  800  номгӯи  доруҳои  шифобахш  мавҷуд  аст, ки ҳар  кадоми онҳо  бояд сертификати  сифат ва  ҳуҷҷатҳои  дигар  дошта  бошанд. 
«Мавҷудияти  компютер  дар  дорухона имкон  медиҳад, ки  барои  тафтиши   нозирон  заминаи  мусоид   фароҳам оварда шавад. Ин  тадбир   ҳамчунин   имкон  медиҳад, ки  аз  тағйироти  хадамотамон ва қонунҳо  дар  бораи  фаъолияти  дорусозӣ  ба мақомоти  марбута  сари вақт  хабар  диҳем», —  зикр  намуд  Маҳмадалӣ  Давлатов.
Ба  гуфтаи  муовини  роҳбари Хадамоти   назорати давлатӣ  дар  сурати  мавҷуд  набудани  сертификати  дору   аз   соҳиби  дорухона ба маблағи то   8  ҳазор  сомонӣ ҷарима ситонида  мешавад.
Ёдовар  мешавем, ки  то имрӯз  дар  ҷумҳурӣ 1780  дорухона  фаъолият  дорад. 

Август 18, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад