«Корвони китоб» аз Суғд ба Бадахшон рафт

Август 26, 2014 11:14

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 12 то 19 августи соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанг ва аҳли илму адаб аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд «Корвони китоб» сафар кард. Ҳаракати «Корвони китоб» 12 август дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндагони илму адаби шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ, 13 август дар шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, 14 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Спитамен, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, 15 август дар шаҳри Чкаловск, 16 август дар шаҳрҳои Қайроққум, Ашт, Исфара, 17 август дар шаҳри Конибодом дар сатҳи баланд анҷом ёфт. Муассисаҳои давлатии «Бибколлектор» 317 нусха, «Бибтехника» 36319 нусха, «Муаллифҳо» 2966 нусха, «Хонаи китоби Тоҷикистон» 200 нусха, нашриётҳои «Адиб» 3507 нусха, «Ирфон» 921 нусха, «Энсиклопедия» 242 нусха, «Адабиёти бачагона» 60 нусха, «Бебок» 250 нусха, «Истиқбол» 204 нусха, «Афсона» 11 нусха, «Истеъдод» 246 нусха китоб ва бибтехникаро дар ин сафар ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.Маъракаи мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, масъулони «Корвони китоб» бо муассисаву корхонаҳои шаҳрҳои Қайроққум, Чкаловск, ноҳияи Спитамен, китобхонаи бачагонаи вилоятии Ҳуҷанд, Раёсати вилояти Хуҷанд шартномаҳои ғайринақдӣ ба имзо расонданд.Дирӯз, 26 август «Корвони китоб» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Дар ин бора Раҷаббек Исоев, корманди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Август 26, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад