Корвони саломатӣ дар Шӯрообод

Август 19, 2014 11:37

 Шӯрообод, 19.08.2014. (АМИТ  «Ховар», Сулаймон Холов).-Таҳти  шиори «Фарди солим-пешбарандаи  ҷомеаи солим» дар ноҳияи Шӯрообод  корвони саломатӣ ташкил шуд, ки  тавассути он 18 нафар  мутахассиси  варзидаи соҳаи тибби минтақаи Кӯлоб дар ҷамоатҳои дурдасти  Дашти-Ҷум, Ёл ва  Лангардара  дар тӯли   4 рӯз  беморонро ба таври   ройгон  аз муолиҷа гузарониданд.  Бино  ба иттилои сардори раёсати тандурустии  минтақа Мирзоалӣ Миралиев солҳои охир бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарори махсус ба тасвиб   расид,  ки  дар пайи иҷрои он  тавассути корвони саломатӣ  ба беморон  хизмати босифати тиббӣ  расонида мешавад. Дар  ин тадбири муҳим, ки барои ҳифзи саломатии мардум равона гардидааст, табибони  баландихтисос. аз ҷумла духтури кӯдакона,  силшинос,  сироятшинос,  дилшинос, мутахассисони марказҳои солимии  репродуктивӣ  муроҷиаткунандагонро ташхис менамоянд. 
Мавриди зикр аст, ки дар корвони саломатӣ беш аз 500 нафар шаҳрванд аз муоинаи тиббӣ гузашта, бемории худро муайян  намуд. Дар назар аст чунин чорабинӣ дар дигар ноҳияҳо  низ гузаронида шавад.

Август 19, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад