Кумаки Маскав ба Украина

Август 12, 2014 16:33

Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»Иброҳими Ҳабибуллоҳ)- Тавере, ки шабакаи интернетии Итар-Тас-Ком менависад дирӯз аз шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ сӯи шарқи Украина интиқол дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар мошинҳои боркаши корвон барои мардуми вилояти Луҳанск маводи озуқа, дорувор, бистари хоб ва генераторҳои барқӣ мебарад. Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Дар мудати ду-моҳ теъдоди қурбониёни вабои Эбола дар кишварҳои Африқои ғарбӣ то 1013 нафар расид. Бояд гуфт, ки ба вируси Эбола то имрӯз 1848 нафар мубтало шудаанд аз ин маризӣ шаҳрвандони Гвинея, Либерия, Сиера-Леоне ва Нигерия гирифторанд. Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Тибқи гузоришҳои шабакаҳои телевизонии Туркия шабаи гузашта Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ба даст овардани 51,8 дарсади оро дар интихоботи раёсти ҷумҳурӣ ба пирӯзӣ расид.Гуфта мешавад, ки тарафдоронаш дар даст доштани парчамҳои ин кишвар дар кӯчаву хиёбонҳои Анқара ба ҷашну шодмонӣ пардохтанд. Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Тавре, ки расонаҳои хабарии давлатии Эрон хабар доданд, ҳафтаи равон як ҳавопаймои “АН-140”-и ширкати ҳавопаймоии Sepahan Airlines аз пойтахти кишвар сӯи шаҳри Табас парвоз карда,баъд аз чанд лаҳзаи парвоз сарнишинҳо идораи ҳавопайморо аз даст доданд ва он ба замин сарозер шуд. Ба гуфти мутахассисони соҳаи техники муҳаррики тарафи рости ҳавопаймо аз кор бозмондааст. Ба гуфти хабаргузонрони дохили кишвар халабонҳо дар лаҳзаи ахир тавонистанд, ки ҳавопайморо аз минтақаи аҳолинишин канор баранд ва аз мусофирони ҳавопаймо нӯҳ нафар зинда мондаанд.

Август 12, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад