М. Алавӣ: «Аз ободии Тоҷикистон Эрон хушҳол аст»

Август 12, 2014 09:40

Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазири иттилооти (амнияти) Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Алавӣ аз натиҷаи мулоқоташ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро чунин баён кард: «Дар рӯзҳое, ки дар кишвари зебои Тоҷикистон ҳузур доштем эҳсос кардем, ки дар кишвари худамон ҳастем. Дидорҳо ва музокираҳо чӣ бо раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ бо ҳамкорони тоҷикам хуб ва созанда буд. Мо умедворем иншоллоҳ бо самараи ин дидорамон аз кишвари Тоҷикистон заминаҳои созанда ва равобити ҳамкории ду кишвари дӯстро тақвият бахшем. Мо бо як хотираи хуб ва хуш аз кишвари Тоҷикистон меравем. Мо бо бародарони азизи тоҷикистониамон дар гузашта низ ҳамкориҳои густурда дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла заминаи амниятӣ доштем ва умедворам, ки ин ҳамкориҳо дар оянда рушд хоҳанд ёфт.  Миллати мусулмони Тоҷикистон рӯз ба рӯз машҳуртар, пешрафтатар ва кишвари Тоҷикистон ободтар мегардад. Аз ободию шукуфоии ин кишвар мардуми Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам хушҳолтар хоҳанд гардид».

Август 12, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад