Маркази тиҷоратӣ 900 нафарро соҳиби ҷойи кор менамояд

Август 12, 2014 09:24

Душанбе, 12.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Маркази савдои муосир дар маросими ботантана ба истифода дода шавад. Маркази савдои мазкур дар масоҳати беш аз 17 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, дорои тарабхона барои 120 ҷой, толори маҷлисгоҳ барои 50 нафар, қаҳвахона, олами кӯдакон, таҳхона, ҳуҷраҳои ёрирасон, озмоишгоҳ, тавақуфгоҳ аст. Бинои асосии Маркази савдо се ошёна буда, ҳамзамон дорои фурӯшгоҳи тобистонаи якошёна бо масоҳати беш аз 2500 метри мураббаъ мебошад.  Муҳаммадӣ Саъдуллоев- сардори шӯъбаи назорати техникӣ оид ба сохтмони иншоотҳои манзил ва дигар соҳаҳои Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар Маркази савдои муосир моҳи октябри соли 2012 оғоз гардидааст. Фармоишгари иншоот шаҳрдории Душанбе буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Строй -Комплекс» аст.   Маркази муосири тиҷоратӣ, ки дар кӯчаи «Меҳнат»-и пойтахт қомат афрохтааст, бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ бо назардошти хатҳои муҳандисии беруна сохта шудааст. Муҳаммадӣ Саъдуллоев афзуд, ки алҳол 95% корҳо дар сохтмони ин Маркази муосири тиҷоратӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои ороиши намои бурунаи бино ва насбу васлкунии дастгоҳу ҷевон ва дигар ҷиҳозҳои мағозаю ҳуҷра ва толорҳо идома дорад. Бо фаъолият шурӯъ кардани ин Маркази замонавии тиҷоратӣ дар пойтахт беш аз 900 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.Масолеҳи сохтмоние, ки дар бунёди Маркази муосири тиҷоратӣ истифода гардидааст, сохти кишварҳои Русия, Олмон, Туркия, Чин ва Малайзия аст. Дар бунёди ин марказ дар радифи сохтмончиёни маҳаллӣ ҳамчунин мутахассисон аз Туркия ҳам саҳм гузоштаанд.

Август 12, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад