Машварати кормандони соҳаи маориф

Август 20, 2014 16:42

  Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Чкалов машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр оғоз гардид. 
Дар машварат сарварони мактабҳо, роҳбарони кӯдакистонҳо, омӯзгорону мурабияҳо ва шахсони масъули соҳаи маорифи шаҳр ҳузур доштанд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳаббат Ҳомидова зикр намуд, ки машғулиятҳои сексионӣ аз фанҳои пешбинишуда дар таълимгоҳи мазкур таи 2 рӯз гузаронида шуда, машварати ҷамъбастӣ 25 август доир хоҳад шуд.
Дар ҷамъомад зикр  гардид, ки дар пеш ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 23-солагии Истиқлолият, 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳои муҳим қарор доранд ва маорифчиён дар қатори аҳолии шаҳр бояд  ин санаҳои муҳимро бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол намоянд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов хабар доданд.
 

Август 20, 2014 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад