Мулоқоти И.Сатторов бо И.Слюняев

Август 18, 2014 11:57

Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – Чанде  пеш  сафири  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Имомуддин  Сатторов  бо  вазири  рушди  манотиқи Федератсияи  Русия  Игор  Слюняев  мулоқот  анҷом  дод.
Тавре  ки  аз Сафорати  ҶТ  дар  ФР  хабар  доданд,  ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот  масоили   рушди ҳамкории  дуҷониба,  ҳамчунин  омодагӣ ба Конфронси  сеюм оид ба ҳамкории  байниминтақавии  Тоҷикистону  Русия  ва Ҳамоиши  1У байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон:  имконияти  ҳамкории  байниминтақавӣ» — ро, ки  моҳи октябри  соли  ҷорӣ  баргузор  мегарданд,  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Дар  ҷараёни  конфронс  масоили  ҳамкории  байниминтақавӣ   дар  бахши  таҳсилоти  касбӣ,  муносибатҳои тиҷоратию  иқтисодӣ,  ҳамчунин  дурнамои  рушди  равобити  мустақими  ниҳодҳои  Русия  ва  Тоҷикистон дар  асоси  созишномаҳои  дуҷониба   баррасӣ  мешаванд.

Август 18, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад