Мулоқоти Ш.Саид бо намояндагони DONGFANG ELEKTRIC

Август 25, 2014 15:36

Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – Чанде  пеш  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  Шариф  Саид бо  намояндагони  ширкати байналхалқии энергетикии DONGFANG ELEKTRIC (ҶМЧ) бо  роҳбарии  муовини  директори  генералии  ширкат Куа  Юотжи  мулоқот  анҷом  дод.
Мусоҳибон  дар  ҷараёни  мулоқот  вазъу  дурнамои   ҳамкории  дуҷониба дар  бахши  энергетикаро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Тавре  ки дар  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  қайд  намуданд,  зимни  мулоқот  аз  рушди  муваффақонаи  муносибатҳои  дӯстонаи байни Тоҷикистону  Чин  дар  бахшҳои сиёсат,  иқтисодиёт,  энергетика,  нақлиёт  ва  бисёр  соҳаҳои  дигар  изҳори  қаноатмандӣ  карда шуд.
Куа Юотжи зимни  суханрониаш  чунин  гуфт: «Мо  умедворем, ки  кишварҳоямон  бо  саъю  кӯшишҳои якҷоя  метавонанд ҳам  дар  бахши  энергетика  ва  ҳам дар соҳаи   манбаъҳои  неруи алтернативӣ  ба  натиҷаҳои назаррас  муваффақ  шаванд.
Шариф  Саид  дар  навбати  худ  Чинро  шарики  боътимод  дар  соҳаи  энергетика,  сохтмон, таҷдиду  навсозии  роҳҳо,  пулу  нақбҳо, алоқаи телевизион,  кишоварзӣ  ва тандурустӣ  хонд.

Август 25, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад