Мулоқоти Шариф Раҳимзода бо ҳайати эронӣ

Август 27, 2014 17:15

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 26-уми август вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо ҳайати соҳибкорони эронӣ таҳти роҳбарии раиси палатаи  савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ ва маъдании Эрон Гуломхусайн Шофеи мулоқот намуд. 
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисоди ҶТ, Ш.  Раҳимзода зикр намуд, ки ташрифи ҳайати соҳибкорони эронӣ метавонад дар рушди алоқаҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистону Эрон саҳми арзанда гузорад. 
Бино ба гуфтаи Г. Шофеи ҳадафи ташрифи ҳайати эронӣ ба Тоҷикистон вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад.  
Дар рафти мулоқот намояндагони ҳайати эронӣ оид ба фаъолияти ширкатҳояшон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ маълумоти мухтасар доданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо нисбат ба нақшаҳо ва пешгӯиҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуданд.
 

Август 27, 2014 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд