Мусобиқаи футбол миёни муҳоҷирони корӣ дар Маскав

Август 14, 2014 10:46

Душанбе, 14.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 5-умин мусобиқа оид ба футбол миёни дастаҳои муҳоҷирони кории тоҷик оғоз гардид.Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, вохӯриҳои дастаҳо, ки 16 клуб дар он иштирок дорад, дар варзишгоҳи “Торпедо”-и шаҳри Маскав баргузор мешаванд.Гуфта мешавад, ки баргузории мусобиқаи мазкур байни муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни ҷавонон “Помир” гузаронида мешавад. Мусобиқаи мазкур то 15-уми сентябри соли равон идома карда, даври ниҳоии он рӯзи 16-уми сентябр дар варзишгоҳи мазкур гузаронида хаҳад шуд.

Август 14, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад