Натиҷагирӣ аз рушди илму маориф дар соли 2012

Август 27, 2014 16:22

 
«Таълиму тарбия ҷузъи фарҳанги миллат буда, ҷавҳарест, ки ба воситаи он худи миллат пойдор ва ҷовидон мемонад».
Эмомалӣ Раҳмон
 
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст, зеро ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо назардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, ҳамаи имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли созандаву бофарҳанг ва ватандӯсту ободгар, яъне соҳибони ояндаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос равона созем. 
Имрӯз агар ба дастовардҳои бахши маориф назар андозем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки мо бо татбиқи нақшаву барномаҳои созанда ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидем, ки сарчашмаи ҳамаи ин комёбиҳо аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.
Мақсади асосии давлату ҳукумат аз бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва таълимгоҳҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи замонавии насли наврас ва ҳамаҷониба омода намудани онҳо ба талаботи рӯзафзуни ҷаҳони муосир аст.  
1-уми сентябри соли 2012 бори аввал дар кишварамон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи таълимии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони боистеъдоди мамлакат мебошад.
Литсей — интернати Президентии шаҳри Душанбе ҳамчун аввалин мактаби шакли нав зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Муассисаи мазкур нахуст 14 — уми январи соли 1992 бо номи Литсейи рақами яки шаҳри Душанбе таъсис ёфта, аз 20 — уми феврали соли 1998 тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба Литсей — интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки Литсей-интернати президентӣ дар натиҷаи ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти босамари устодону кормандонаш ба яке аз марказҳои бунёдии таълиму тарбия табдил ёфта, хатмкардагони он дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар бунёди иншооти муҳиму стратегии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми шоиста мегузоранд.
Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар Литсей-интернати президентӣ маблағгузории муассиса аз ҳисоби буҷети давлат мунтазам зиёд карда мешавад.
Масалан, агар соли 2003 барои ҳамаи хароҷоти Литсей-интернат хамагӣ 320 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум 600 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2012 беш аз як миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил додааст. Танҳо дар зарфи даҳ соли охир соли 2012 ҷиҳати фаъолияти муназзами ин муассиса зиёда аз панҷуним миллион сомонӣ равона гардидааст.
Аз ҳисоби буҷети давлат бинои Литсей-интернат ба маблағи се миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар ихтиёри хонандагон 38 синфхона, аз ҷумла 35 синфхонаи муҷаҳҳази таълимӣ, 3 озмоишгоҳи фаннӣ ва синфхонаҳои компютерие, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд, вогузор карда шудааст.
Мактаби байналмилалии президентӣ дар ҳақиқат бо назардошти талаботи муосир нисбат ба муассисаҳои таълимии сатҳи байналмилалӣ ба маблағи умумии қариб 80 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон ва шароити олӣ барои донишомӯзӣ таъмин гардидааст.
25-уми сентябри соли 2012 бо иштироки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон боз як Мактаби байналмилалии президентӣ дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин муассисаи таълимӣ дорои 1038 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои ҳамаи донишомӯзон ва хонаи истиқоматии иборат аз 28 ҳуҷра барои омӯзгорон буда, аз 84 синфхона, ду китобхона, синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толорҳои варзишӣ, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин, як махзани саводу маърифат, яъне мактаби таҳсилоти умумии рақами 70 дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор гирифт. Мактаби навбунёд аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таълимии хусусӣ дар қаламрави мамлакат ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ дар давоми 170 рӯз ва бо заҳмати шабонарӯзии 240 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ сохта шудааст.
Мактаб аз се ошёна, 18 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад. Ҳамзамон мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва илмҳои дақиқ мебошад ва барои таҳсили 640 хонанда (қариб 1300 хонанда дар ду баст) пешбинӣ гардидааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар соли 2012 дар ноҳияи Данғара 68 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 30 ҳазор хонанда ва тарбиятгирандагон фаъолият намуд, ки дар онҳо зиёда 1300 нафар омӯзгорону мураббиён бо таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.
Зимни ифтитоҳи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалов қарор шуда буд, ки барои хонандагони ноҳияҳои дурдаст дар ҳудуди муассиса як хобгоҳи муосир бунёд шавад. Ин супориш амалӣ шуд ва он 12-уми июни соли 2012 ба истифода дода шуд.
Хобгоҳ бо сарфи 5,5 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он тамоми шароити муосир барои истиқомату донишомӯзии хонандагоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст таҳсил мекунанд, фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба варзиш бахшҳои гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки дар баробари инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, инчунин ба тақвияти нерӯи ҷисмонии хонандагон мусоидат менамоянд.
Ҳангоми ифтитоҳи мактаби Президентӣ илова ба масъалаи сохтмони хобгоҳ барои хонандагон инчунин бо манзил таъмин кардани омӯзгорон низ таъкид шуд.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Чкалов вазифадор шуданд, ки барои омӯзгорони эҳтиёҷманди ин муассисаи таълимӣ як хонаи истиқоматии бисёрошёна бунёд намуда, онро то оғози соли хониши 2013 ба истифода супоранд.
Масалан, танҳо дар панҷ моҳи соли 2012 аз буҷети давлат ба соҳаи иҷтимоиёти вилояти Суғд қариб 215 миллион сомонӣ, аз ҷумла қариб 100 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф ҷудо шудааст.
Хобгоҳи мактаби президентӣ барои 400 нафар хонандаи болаёқат пешбинӣ шудааст. Иморати чорошёнаи хобгоҳ дар маҷмӯъ дорои 61 ҳуҷраи истироҳативу дарстайёркунӣ, толори варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон мебошад.
6-уми декабри соли 2012 мактаби рақами 59 дар деҳаи Ғайратободи ноҳияи Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мактаби нав аз ҳисоби маблағҳои буҷет бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохта шуда, барои таҳсили 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, бо тамоми шароити зарурии муосир, синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои махсуси фаннӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, толори варзишӣ ва ошхонаву дигар иморатҳои ёрирасони муҷаҳҳаз таъмин мебошад.
Дар соли 2012 дар ноҳияи Ҳисор зиёда аз 140 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо беш аз 54 ҳазор кӯдаку наврас  ба раванди таълиму тарбия фаро гирифта шуда, қариб се ҳазор нафар устодон ба шогирдон дарс мегӯянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ то соли 2012 аз ҳисоби буҷет дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор даҳҳо муассисаи нави таълимӣ сохта шуда, аксарияти мактабҳои мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Инчунин бунёди боз чор мактаби нав ба лоиҳаи сохтмонии соли 2013 ворид гардидааст.
Илова бар ин, дар доираи нақшаи генералӣ ва омодагӣ ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисори Шодмон, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар хонанда, Мактаби президентӣ барои 640 хонанда, синфхонаҳои иловагӣ, китобхона, осорхона, кохи фарҳанг барои 700 ҷои нишаст, варзишгоҳи марказӣ бо 20 ҳазор ҷои нишаст ва боғи фарҳангу фароғат бо чойхона ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш бомаром идома дорад.
Илова бар ин, дар арафаи Наврӯзи соли 2012 боз ҳам бо ширкати Сарвари давлат бинои нави китобхона расман ифтитоҳ шуда, бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши хазинаҳои китоб, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бино бо воситаҳои замонавии ҳамлу нақли бор, эскалатор, лифт, таҷҳизоти мушоҳидавию гармидиҳӣ, ҳаворасонию шамолдиҳӣ, хабардиҳию сӯхторхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз аст. Бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз хазинаи умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 6179338 нусха маводи чопию электронӣ ташкил медиҳад. 
Самараи истиқлол аст, ки имрӯз дар тамоми самтҳои ҳаёт бунёду барқарор намудан ва навсозии иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бомаром идома дорад. Бояд гуфт, ки маориф ҳамчун соҳаи муҳим ва афзалиятноки ҳаёти ҷомеа дар ташаккули инсон, рушди ҷаҳонбинии фардиву иҷтимоии шахсият ва тарбияи ӯ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибащарӣ нақши ҳалкунанда дорад.

 

Август 27, 2014 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид
Дар саросари ҷаҳон афзоиши ҳолатҳои инсулт ошкор гардид
Интернети боз ҳам бештар: оператори «Анор» тарофаҳоро такмил дод