Номаи ҳамдардӣ ба пайвандони “бонуи ғазали Эрон”

Август 21, 2014 16:26

Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Маросими дафни Симини Беҳбаҳонӣ субҳи 22 август дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро баргузор хоҳад шуд. Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи шаҳири Эрон, яке аз бузургтарин ғазалсароёни муосири форсизабон аст, ки бар асари бемории дил дар синни 87  бомдоди 19 август дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Ин шоираи саршиноси эронӣ беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод карда, ҳамчун “бонуи ғазали Эрон” маъруф аст. Ҳаводорони ашъори Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам зиёданд. 
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандону наздикони Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи шаҳири Эрон, яке аз бузургтарин ғазалсароёни муосири форсизабон, ки бар асари бемории дил оламро падруд гуфт, номаи ҳамдардӣ фиристод. 
«Марги ин шахсияти шинохта дӯстдорони олами шеърро такон дод. Симини Беҳбаҳонӣ шоираи бузурге буд, ки ашъораш дар Тоҷикистон низ алоқамандони зиёд дошт, аз шеърҳои ӯ хонандагони тоҷик лаззати маънавӣ бурдаанд ва шоирони навҷӯ дар пайи пайравӣ ба ӯ роҳу равиши тозаи худро пайдо кардаанд», омадааст дар номаи ҳамдардӣ. 
 
 
 
 
 

Август 21, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад