Оғози мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — 13 август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқоти ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал оғоз ёфтанд.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, барои дарёфти ин мукофоти фахрӣ 8 даста ҳунарнамоӣ мекунанд, ки онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Гурӯҳи «А» иборат аз дастаҳои «Динамо» ва «Газпром» — и пойтахт, ҳамчунин дастаҳои « Эсхата» ва «Ал — Маъруф» -и Хуҷанд мебошанд. Ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Бонки миллӣ» ва «ДИСИ» — и пойтахт, ҳамчунин дастаҳои «Сипар» ва «Имон Интернешнл» шомиланд.Дар марҳалаи гурӯҳӣ, ки вохӯриҳо аз 13 то 15 август баргузор мегарданд, ҳар кадоми дастаҳо бо якдигар қувваозмоӣ намуда, ду дастаи ғолиб ба бозиҳои нимфиналӣ роҳхат пайдо мекунанд. Вохӯриҳои нимфиналӣ 17 август баргузор гардида, вохӯрии ниҳоӣ 18 август сурат мегирад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






