Омодагӣ ба нахустин Форуми ихтироъкорон

Август 19, 2014 14:16

         Душанбе, 19.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар нимаи аввали моҳи  октябр дар Душанбе нахустин Форуми ихтирокорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Аз ихтироъ то инноватсия» баргузор мегардад.
    Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш тақвияти фаъолияти ихтироъкорон дар ҷумҳурӣ, баррасии ҳалли мушкилоти соҳа, истифодаи самараноки ихтироот дар соҳаҳои саноат, истеҳсолот, баҳогузории фаъолияти ихтироъкорон ва истифодаи ихтироот ва инноватсия дар ҷумҳурӣ мебошад. 
        Инчунин баргузории нахустин Форуми ихтироъкорон ба тавсеаи ҳамкории байналмилалии ихтирокорон ва бахши хусусӣ мусоидат менамояд.
    Назар ба иттилои Лӯъбат  Шарифова -сардори Раёсати санҷиши давлатӣ, ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ- дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, академияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши хусусӣ иштирок хоҳанд кард.
    Ҳамоиши мазкур бо ибтикори  Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо бархе аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Август 19, 2014 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд