Рушди ҳамкории милитсия бо ҷомеа
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида дар доираи Барномаи Эмерҷенс Груп дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои омӯзишӣ аз рӯи 17 мавзӯъ бо ёварони сардорони Раёсати ВКД ва шуъбаи ВКД дар шаҳру ноҳияҳо оид ба кор бо ҷомеа гузаронида шуданд. Дар машғулиятҳо кормандон аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо ҷомеа, ки тайи солҳои охир омӯхта шудааст, бо ҳамдигар мубодила намуданд. Зимни машғулиятҳо дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ, ки бевосита барои тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа пешбинӣ гардидаанд, бозомӯзӣ шуд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, то имрӯз дар 17 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 32 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар биноҳои замонавӣ ташкил гардида, ба истифода дода шудааст, ки онҳо бо тамоми воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти замонавии корӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, телевизор, телефон, кондитсионер, принтер, проектор, камера, дастгоҳи аккосӣ муҷаҳҳаз мебошанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






