Сафари олимпичиёни навраси кишвар ба Чин
Душанбе, 14.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар шаҳри Нанҷингии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд, Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё оид ба гӯштини озод байни наврасон, Парчами миллии Тоҷикистонро мебардорад.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, дар олимпиадаи Нанҷинг-2014 Тоҷикистонро 8 варзишгар, Фирӯз Ёқубов оид ба гӯштини озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг ва Равзатулло Исоев вазни то 42 кг — ҳарду оид ба гӯштини юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр ҳимоя мекунанд. Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо раҳбарии Носир Бозоров, сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии кишвар, имрӯз 14-уми август бо хатсайри Душанбе — Урумчӣ — Нанҷинг ба Чин парвоз хоҳанд кард.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






