Шиносоии Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Шоразми Ваҳдат
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар деҳаи Бомғураи дараи Ромит Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Шоразми боло шинос шуда, аз ҷумла ғаллакорию сабзавоткорӣ, кишти такрорӣ ва умуман истифодаи босамари заминҳои обии корамро дар ин ҷо “намунавию ибратбахш” номид.
Тавре зикр гардид, ин хоҷагӣ дорои 307 гектар замини корам буда, аҳли заҳмати он аз 100 га ғаллаи обӣ ба ҳисоби миёна 65 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд ва дар 70 га пас аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Чунонки аён гардид, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ дар як замини кишти такрорӣ то се намуди зироатро корида, аз ҳар яки он ҳосили дилхоҳ мегиранд. Барои ин се зироате интихоб мешавад, ки ба нашъунамои ҳамдигар монеъ намешаванд, балки мусоидат мекунанд, аз ҷумла ҷуворимакка, бодиринг ва лубиё.
Хулласи калом кулли заминҳои корами ин хоҷагӣ пурсамар истифода мешаванд. Чунонки иттилоъ доданд, аз ҳар га картошкаи барвақтӣ ба ҳисоби миёна 220 сентнерӣ ва аз пиёзи кишти асосӣ 450 сентнерӣ ҳосил мегиранд.
Дар ҳамин ҷо намунаҳо аз ҳосили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, лӯбиёгиҳо, меваҳои шаҳдбор ва асали дараи овозадори Ромит ба маъраз гузошта шуда буд, ки бозгӯй аз заминҳои ҳосилхези ин минтақаи зебо ва заҳмати хастагинопазири мардуми он аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону боғпарварони дар ин ҷо ҳузурдошта бевосита суҳбат карда, ба натиҷаҳои кори онҳо баҳои баланд дод ва барои боз ҳам баланд бардоштани самарабахшии корҳои кишоварзӣ пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






