Соҳибони дорухонаҳо ҷарима шуданд

Август 27, 2014 14:23

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена  Батенкова). – Ба  гуфтаи  сардори  шуъбаи  назорати   давлатии фаъолияти муассисаҳои  дорусозии   вилояти  Хатлон Маҳмудҷон  Қараев, тайи  8  моҳи  соли  ҷорӣ дар дорухонаҳои  вилояти  Хатлон  76 бастаи  5  номгӯи  доруи қочоқӣ аз  қабили акебовигин, эутирокс,  артоксан,  калсий – Дз Никомед  мусодира  шуд.
Маҳмудҷон  Қараев  ин  ҳолатро  шарҳ  дода,  гуфт, ки   доруҳои  номбаршуда хилофи  қонун  ба  ҷумҳурӣ оварда  ва бидуни  иҷозатнома  савдо  мешуданд. Бинобар  ин  соҳибони  дорухонаҳои  ба  савдобаровардаи  чунин  доруҳо  ҷаримабандӣ  шуданд, ки  маблағи  умумии  он  15  ҳазору  400 сомониро ташкил  медиҳад.
Ёдовар  мешавем, ки  имрӯз  дар  вилояти  Хатлон  308  дорухона  фаъолият  доранд.

Август 27, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад