Суғд: ифтитоҳи 10 маркази омӯзишӣ дар 8 моҳ

Август 16, 2014 10:01

Хуҷанд, 16.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Тавре ки ба хабарнигори мо дар вилояти Суғд роҳбари намояндагии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз фаъолияти бахшҳои ин кумита дар шимоли кишвар ва кушодашавии се маркази нав, раиси Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Меҳдӣ Ибодӣ сафари корӣ дошт. 11 август дар бинои маркази таълимӣ-истеҳсолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маркази дӯзандагӣ барои 20 нафар зан ифтитоҳ шуд. Маркази мазкур бо омӯзиш ва дӯхти либосҳои мактабӣ машғул буда, баҳри фаъолияти пурсамари он аз ҷониби кумита 10 адад дастгоҳи замонавии ихтисосӣ тақдим гардид. Алъон ин марказ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои дӯхти либосҳои мактабӣ фармоиш гирифта, маоши миёнаи ин занон аз 500 то 900 сомониро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки дар 8 моҳи соли 2014 дар вилояти Суғд бо ҳамдастии Кумитаи Имдод 10 маркази омӯзишӣ барои 350 нафар ҷавон ташкил гардида, то поёни сол дар нақшаи кумитаи мазкур ифтитоҳи боз 15 маркази дигар, чун омӯзиши ҳунари қаннодӣ, гилембофӣ, сӯзанидӯзӣ, дӯзандагӣ, мутахассиси техникаи санитарӣ ва кафшергарӣ дар назар аст. Дар умум дар миқёси вилояти Суғд бо ҳамдастии Кумитаи Имдод 33 маркази омӯзишӣ роҳандозӣ шудааст.

Август 16, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд