Тақсимоти такрории довталабон дар ММТ
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Шурӯъ аз 26-уми август барои тақсимоти такрории довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмун ба ихтисосҳои интихобкардаашон тақсим нашудаанд, ба ҷойҳое, ки бо сабаби ҳозир нашудани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи рӯйхати тақсимот холӣ мемонанд, бо назардошти хоҳиши довталабон азнавбақайдгирӣ гузаронида мешавад. Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ба ин ё он ихтисоси интихобнамудаашон тақсим шудаанд, ҳуқуқи иштирок дар тақсимоти такрориро надоранд.Тавре ки Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ хабар дод, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/4 аз 31 июли соли 2014 дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ, математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда гузаронида мешавад. Тибқи тартиби муқарраргардида довталаб барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ метавонад то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) интихоб намояд.Дар бораи натиҷаҳои тақсимот ҳар як довталабе, ки холҳои гузариши фанниро ба даст овардааст, метавонад 15-уми август бо истифода аз ҳуҷраи инфиродии худ иттилоъ пайдо кунад. Мувофиқи нақша довталабон метавонанд бо натиҷаҳои тақсимот ба ихтисосҳо тавассути паёмак (SMS) низ шинос шаванд (маълумоти муфассал дар ин хусус баъдан пахш хоҳад шуд).Тақсимоти довталабон бо назардошти холҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Довтабалони тақсимшуда ба ихтисосҳои интихобкарда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дахлдор бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд:1. ариза ба номи ректор;2. ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ) (дар бораи таҳсилоти ибтидоии мусиқӣ ё миёнаи махсуси мусиқӣ барои довталабони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов);3. маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);4. 6 адад сурат (андозаи 3х4см);5. маълумотнома аз ҷойи зист;6. шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки аз тарафи сохтори ваколатдори давлатӣ дода шудааст;7. балети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;8. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад).








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






