Умаралӣ Мирзоев ба даст афтод?

Август 25, 2014 10:14

   Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мудири филиали №76 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович, соли таваллудаш  1957  мунтазам ба  азхудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда даст зада,  дар давраи солҳои 2012-2013 аз ҳисоби маблағҳои нақдии хазинаи бонк, бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ 1 955 735,69 сомониро тасарруф намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст. 
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Умаралӣ Мирзоев бо мақсади пинҳон намудани маблағҳои пулии тасарруф намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунандаи бонкӣ, ба номи 91 нафар шаҳрванд ба маблағи умумии 4 359500 сомонӣ қарзи бонкиро  ба расмият даровардааст.   
Нисбат ба Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “Б” ва 340 қисми 2 банди “А” КҶ. ҶТ оғоз шуда, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ давом дорад. 
 

Август 25, 2014 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад