Вазифаҳои асосии СҲШ-созмони байналхалқии минтақавӣ

Август 26, 2014 16:55

 «Махз талоши фаъол ва созандаи Русия, Чин ва дигар кишварҳои аъзо СҲШ-ро ба созмони бонуфуз ва  дорои механизмҳои муассири мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ, таъмини суботу амният ва  ҳамкории васеи минтақавӣ табдил гардонид».                                                                                                                                                                                                     Эмомалӣ РаҳмонДушанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазифаҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай тибқи Оинномаи дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмон дар Санкт-Петербург қабул шуда (7 июни соли 2002)- ин таҳкими равобити тарафайни дӯстона байни кишварҳои узв, густариши ҳамкориҳои гуногунчабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси низоми нави байналхалқии демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ маъқул, муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молиявӣ ва ғайра мебошанд, ки боиси тавваҷҷуҳи умум ҳастанд. Мусоидат ба болоравии иқтисодии ҳаматарафа, инкишофи иҷтимоиву фарҳангӣ дар минтақа тавассути фаъолияти якҷоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади боло бурдани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо, мавзунгардонии муносибатҳо дар ҷараёни ҳамгароӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи уҳдадориҳои байналхалқӣ ва қонунгузории миллии давлат-аъзо, дастгирӣ ва густариши равобит бо дигар созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ҷаҳон, ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналхалқӣ ва ҳалли мусолиҳатомези онҳо, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои ҳалли масоиле, ки дар асри XXI пайдо мешаванд. Дар як муддати кӯтоҳ СҲШ тавонист, ки аз як сохтори машваратӣ тадриҷан ба созмони байналхалқии минтақавӣ табдил ёбад ва ба худ вазифаи кафили сулҳу суботро дар Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Атлантикаву уқёнуси Ором касб намояд. Пешомадҳои СҲШ ниҳоят васеанд. Аввал ин ки ҳама давлатҳои аъзо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд ва онҳоро умумияти таърихӣ, фарҳанги ягона, анъаноту алоқаҳои дӯстона мепайванданд. Ҳамаи давлатҳои узви СҲШ ба ҳифзи субот ва амният чӣ дар дохили кишварҳои хеш ва чӣ берун аз марзҳои худ манфиатдор ҳастанд. Бинобар ин онҳо дар иҷрои вазоифи гуногун, аз қабили пешбурди ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои муштарак алайҳи таҳдидҳо дар мавҷудияти онҳо манфиатдоранд. Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи аъзои созмон ҷонибдори тақвият ва густариши унсурҳои иқтисодии ин созмон мебошанд ва хуб мефаҳманд, ки танҳо кӯшишҳои якҷоя метавонанд ин созмонро ба созмони байналхалқии пешбари ҷаҳонӣ табдил диҳанд.Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 бо ба имзо расидани Эъломияи таъсиси «Созмони ҳамкории Шанхай» арзи ҳастӣ намуд. Ин созмон аз рӯи нуфуз ва захоири иқтисодӣ, демографӣ, ҳудудӣ ва табиӣ бузургтарин дар минтақаи АвруОсиё дониста мешавад. Муассисони ин созмон Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буда, ҳамчунин мақоми нозирро дар ин созмон Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Муғулистон соҳибанд. Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар кишварҳои узви ин созмон зиёда аз 1,6 млрд аҳолӣ, ки тақрибан 61% нуфузи АвруОсиёро ташкил медиҳад, зиндагонӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ҳудуд он фарогири 20,5 млрд км кв мебошад.

Август 26, 2014 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд