Вохӯрӣ бо донишҷўёни хориҷ аз кишвар дар Душанбе

Август 11, 2014 15:25

Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Ҳамасола рўзи 12-уми август ҳамчун рўзи байналмилалии ҷавонон дар саросари кишварҳои олам ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон, пагоҳ, 12 августи соли равон вохўрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо донишҷўёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, баргузор мегардад. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мулоқот дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Ба иттилои манбаъ , мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ, пеш аз ҳама барои муттаҳид сохтани ҷавонон дар саросари олам новобаста аз қавму нажодҳо ва дарки мушкилоти ҷавонон роҳандозӣ шудааст. Ёдрас мешавем, ки Рўзи байналмилалии ҷавонон аввалин маротиба 17 декабри соли 1999 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, бори аввал 12 августи соли 2000 ин рўз ба таври расмӣ ҷашн гирифта шуд.

Август 11, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад