Вохӯрӣ дар кисми низомии гарнизонӣ

Август 29, 2014 14:39

Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он масъулини коллегияи ҳарбии суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълимгирандагони Мактаби прапоршикон ва афсарону сарбозони қисми низомии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа вобаста ба таҷлили ҷашнҳои сатҳи давлатӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ мансубанд, ибрози назар карданд.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ба пешгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ ҷалб шуд ва  риояи интизоми намунавиро зимни хизмати ҳарбӣ омили асосии пешрафти қисми низомӣ арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки рӯз то рӯз сатҳи хизмат дар сафи Артиши миллӣ хубтар гашта, барои беҳбуд бахшидан ба ин раванд аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки  чунин вохӯриҳои судбахш дар арафаи ҷашнҳои миллию сиёсӣ бо хизматчиёни низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар минбаъд низ гузаронида хоҳанд шуд.

Август 29, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад