Ғолибони озмуни «Рӯдакихонӣ» муайян шуданд

Сентябрь 23, 2014 14:59

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар  китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ озмуни вилоятии «Рӯдакихонӣ» баргузор гардид. Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар озмун 85 нафар наврасону ҷавонони аз 10 то 30 сола аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва донишгоҳҳо иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён шеърҳо аз эҷодиёти Рӯдакӣ дар муддати 5-7 дақиқа қироат шуданд, ки аъзои ҳакамон ба маҳорату истеъдоди наврасону ҷавонон баҳогузорӣ намуданд.
Ҳамин тавр ҷои аввал ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Хосияти Шаҳобиддин, ҷойи дуюм ба Моҳира Бобоҷонова, хонандаи мактаби таҳсилоти умумии №10-и шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм ба Мавлуда Раҳимова аз шаҳри Панҷакент насиб гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанг сарфароз гардиданд.
 
 

Сентябрь 23, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад