Қаноатмандии Салавот Сагитов аз равобити ҳамкориҳо

Сентябрь 15, 2014 14:54

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Салавот Сагитов, ки дар чорчӯбаи ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омада буд, 11 сентябр ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ  ташриф овард. 
Тавре ки котиби матбуоти ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ин сафар ӯро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло, профессор Раил Асадуллин ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо ректор Абдуҷаббор Раҳмонов ҷонибҳо аз барқароргардии риштаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Салавот Сагитов Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллоро аз макотиби олии тараққикардаи кишвараш унвон намуда, тасвиби созишномаҳо миёни ду таълимгоҳи омӯзгориро ба манфиати ҳарду тараф арзёбӣ кард. Дар такя бар қавли ӯ, аллакай дар сатҳи баланди ҳукуматӣ аз ин иқдоми наҷиб огоҳ ҳастанд ва ташрифи худи ӯ ба донишгоҳи мо ҳамчун нишони умедворӣ ба ояндаи неки ҳамкориҳо мебошад.
А.Раҳмонов барои тавсеаи робитаҳо дар ҳама ҷодаҳои таълим изҳори омодагӣ намуд. Ҳамзамон аз меҳмон  даъват ба амал овард, то аз бинои нави таълимӣ-туҳфаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва сулҳ ба аҳли донишгоҳ тақдим шуд, дидан намояд. 
Дар мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон бо аъзои Шӯрои олимон  бо ишора ба густариши ҳамкориҳо таъкид шуд, ки аллакай дар заминаи шартномаҳои оғози соли нави 2014 ба имзо расида, 25 нафар донишҷӯи ДДОТ пас аз хатми зинаи бакалавр дар Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон дар риштаи магистратура идомаи таҳсил дорад. Моро зарур аст, ки дар зинаҳои аспирантура ва докторантура низ равобитро таҳким бахшем.

Сентябрь 15, 2014 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад