Ҳамкории Тоҷикистону Финландия идома дорад

Сентябрь 22, 2014 13:20

 
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни хадамоти геологии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия аз рӯи лоиҳаи «Истифодаи захираҳои табиӣ барои беҳбудии миллӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2014-2017» ба имзо расид.
Лоиҳаи мазкур дар асоси Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳуми байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия, ки 13-уми декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд,  таҳия гардидааст.
Мақсад аз Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳум рушди ҳамкорӣ дар самтҳои густариши устувори ҳамкорӣ, табодули иттилоот , таҳқиқи минтақавии равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиши корҳои геофизикӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ, таъминот  бо таҷҳизоти муосири геологию геофизикӣ мебошад.
Ҳуҷҷатро сардори Сарраёсати геология Мурод Хол ва менеҷери лоиҳа Юкка Мултала имзо намуданд.
 

Тарҷумон, М. Шарифзода.

 

Сентябрь 22, 2014 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд