Ҳоҷиён бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба ҳаҷ мераванд

Сентябрь 10, 2014 13:54

Душанбе, 10.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Аз сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, ки ахиран мақомоти дахлдори Шоҳигарӣ барои интиқоли тамоми ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Сарзамини муқаддас танҳо тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватании “ТоҷикАйр” ва “СомонАйр” ба таври истисно иҷозат содир карданд.Ин иқдом ҳамчун рамзи муҳаббату дӯстии Арабистони Саудӣ нисбати миллату давлати тоҷикон, ки хушхабар барои ҳоҷиёну пайвандони онҳо ба ҳисоб меравад, ба туфайли саъю кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи сафири Ходими Ҳарамайни шариф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил муяссар гардид, дар ҳоле дигар кишварҳои ҷаҳон тибқи қоидаҳои хизматрасонӣ дар мавсими ҳаҷ барои интиқоли ҳоҷиён ба ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватании ҳавопаймоии худ ва ширкатҳои ҳавопаймоии саудӣ мулзам карда шудаанд.

Сентябрь 10, 2014 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад