Ҷаласаи сайёр дар вилояти Суғд оид ба омодагӣ барои зимистонгузаронӣ
Душанбе, 22.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Тибқи нақшаи кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим гузаронидани силсилаҷаласаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар минтақаҳои кишвар давом дорад.
Рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бинои ҳукумати вилояти Суғд ҷаласаи сайёри вилоятӣ бо иштироки раисони ситоди зимистонгузаронии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати омодагии муносиб барои зимистонгузаронии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2014-2015 баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муҳимияти дар сатҳи муносиб омодагӣ дидан барои зимистонгузарониро таъкид намуд. Раиси вилоятии Ситоди зимистонгузаронӣ — муовини раиси вилоят Амонулло Хайрулло ҳолати кунунии омодагии вилоятро дар соҳаҳои энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, дастрасии аҳолӣ ба гази моеъ, хоҷагии коммуналию манзилӣ ва «Тоҷикматлубот» арзёбӣ намуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳолати кунунии азхудкунии маблағҳои ҷудонамуда барои зимистонгузаронӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо-раисони ситоди зимистонгузаронӣ талаб намуд, ки корҳои омодагиро дар кўтоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд.
Муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим зикр намуд, ки масъалаи зимистонгузаронӣ яке аз масъалаҳои муҳими рўз буда, барои сазовор гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ қабул мегардад, ки иҷрои он барои ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад.
Имсол ҳам қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз майи соли 2014 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» қабул гардид. Илова бар ин имсол соли махсус ба шумор меравад, чунки моро дар пеш интихоботи вакилон интизор аст.
Дар шароити имрўзаи ҷумҳурӣ манбаъҳои асосии гармидиҳӣ вуҷуд доранд, ки инҳо неруи барқ, ангишт, гази моеъ, ҳезум, мазут, керосину салярка ва сўзишвории табиӣ мебошанд.
Дар самти таъмини аҳолӣ бо барқ дар фасли зимистон зикр гардид, ки мутобиқи маълумотҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли неруи барқ дар вилояти Суғд 484,6 млн.кВт/соатро ташкил намуд, ки 99,4% ё ин ки 482,0 млн.кВт/соати он дар НБО «Қайроқум» истеҳсол гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 5,7 млн.кВт/с зиёд мебошад, яъне истеҳсоли барқ дар вилоят 17,2%-и ҳаҷми зарурии вилоятро ташкил медиҳад, зеро дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии вилояти Суғд 2820,5 млн.кВт.соат неруи барқ интиқол дода шудааст, ки ин 25,2 % барқи истеҳсолнамудаи кишварро ташкил намуда, нисбат ба нақшаи пешбинишудаи интиқол 23 млн.кВт.соат зиёд мебошад. Ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида 136,5 млн. сомонӣ ё 86,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мавриди ёдоварист, ки меъёри талафоти технологии неруи барқ ба андозаи 17,1% муқаррар бошад ҳам, ҳаҷми воқеии талафоти технологии неруи барқ дар ин давра 493,7 млн.кВт.соат, ё ин ки нисбат ба ҳаҷми барқи интиқолшуда ба 17,5% баробар шуд, яъне ҳама барқе, ки дар ҳудуди вилоят истеҳсол мешавад ба талафоти технологӣ баробар ё ҳатто аз он камтар!
Ба раиси шабакаҳои барқи Истаравшан такроран супориш дода шуд, ки масъалаи талафоти технологии барқ бояд зери назорати қатъӣ гирифта шавад, вобаста ба ин масъала супоришҳои дахлдор дар ҷаласаи селексионӣ низ дода шуда буд, аммо ҳолат тағйир наёфта истодааст, ки ин амал ҳатман зери назорати махсус қарор хоҳад гирифт.
Илова бар ин имрўз яке аз мушкилоти асосии соҳа дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағи барқи истифодашуда аз тарафи корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад. Гарчанде тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои то 31 декабри соли 2013 ҳисоббаробарӣ шуда бошанд ҳам, аммо дар 8 моҳи соли ҷорӣ, масъалаи пардохт нашудани маблағи неруи барқи истифоданамудани ин хоҷагиҳо боқӣ мондааст. Дар 8 моҳи соли 2014 ба корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд 741,7 млн. кВт. соат ба маблағи 15,3 млн. сомонӣ нерўи барқ интиқол дода шудааст, аммо пардохти маблағи нерўи барқи истифодашуда дар ин давра ҳамагӣ 1,0 млн. сомонӣ, ё ин ки 6,6% ташкил менамояд, ки комилан қобили қабул нест. Қайд гардид, ки мақсади асосии ҷорӣ намудани тарифҳои мавсимии имтиёзнок барои системаи пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, баланд бардоштани сатҳи пардохти маблағи нерўи барқ аз ҷониби хоҷагиҳои обтаъминкунӣ ва дар ин асос тақвият бахшидан ба беҳдошти вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» буд. Қарзи дебитории шабакаҳои барқии вилояти Суғд дар 8 моҳи соли 2014 аз истифодаи нерўи барқ 131,5 млн.сомонӣ кам гардида то 1 сентябри соли 2014, 140,1 млн.сомониро ташкил мекунад.
Ба масъулини супориш дода шуд, ки тартиби ҳамкорӣ байни сохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик”, Агентии беҳдошти захираҳои замин ва обёрикунонӣ ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои фермериро таҳия намуда, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониро ба роҳ монанд.
Дар соли ҷорӣ барои муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят тибқи нақша ангишт 7847 тонна ва ҳезум 5395,5 м3 пешбинӣ шудааст, захираи ин маҳсулотҳо то ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ мутаносибан 7608 тонна ва 5443 м3 ё ин ки 97% ва 101,0% иҷро гардидаанд. Инчунин тибқи маълумотҳои дастрасгардида, дар муассисаҳои маорифи вилоят 4908 адад оташдонҳои барқӣ, 13716 адад оташдонҳои аловӣ ва 583 генераторҳо мавчуд мебошад. Ҳамзамон дар ин муассисахо аз 346 адад дегхонаҳои мавҷудбуда 100 адад дегхонаҳо дар ҳолати корӣ карор доранд. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи молияи вилоят то санаи 1.09.соли 2014, маблағгузории соҳаи маорифи 7 ноҳияи вилоят дар сатҳи то 50% қарор доранд, маблағгузории ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 4,3% -ро ташкил мекунад. Оё бо чунин сатҳи маблағгузорӣ Нақшаи чорабиниҳои зимистонгузарониро иҷро кардан мумкин аст? Тарафи дигари масъала барзиёд иҷро гардидани маблағгузории соҳаи маорифи Қайроққум дар сатҳи 218,8%. Инро чӣ хел шарҳ додан мумкин аст?
Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 барои муассисаҳои тандурустии вилоят, тибқи нақша 2673 тонна ангишт пешбинӣ шудааст, ки то имрўз захираи он 2114 тонна ё ин ки 80,%-ро ташкил мекунад, ҳезум бошад 1398 м3 пешбинӣ шудааст, ки захираи он то имрўз 977 м3 ё ин ки 70%-ро, ташкил медиҳад. Илова бар ин маблағгузори барои ноҳияҳои Спитамен ва Истаравшан дар сатҳи 34,8% ва 36,5% қарор дорад, лекин ин нишондиҳанда барои шаҳри Қайроқум 245,3% иҷро гардидааст.!
Тибқи маълумоти фаврӣ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии воридоти гази моеъ барои вилояти Суғд 95042 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013, 20103 тонна зиёд мебошад. Агар дар давоми 8 моҳи соли 2013 фурўши гази моеъ 71595 тоннаро ташкил намуда, хизматрасониашон аз тариқи 279 нуқтаҳои фурӯш сурат мегирифт, пас дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ фурўши гази моеъ 93789,5 тоннаро ташкил намуд, ки 22194 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 зиёд мебошад ва шумораи нуктаҳои фўруши Гази моеъ ба 357 адад расид, ки 78 адад нисбат ба соли 2013 зиёдтар мебошад. Дастрасии аҳолӣ ба нуктаҳои гази фўруши моеъ аз 8679 нафар дар соли 2013 ба як нуқтаи фўруш ба 6802 нафар ба як нуқтаи фўруш дар сол 2014 коҳиш дода шуд. Гарчанде дар соҳаи мазкур пешравиҳо ба назар расанд ҳам, камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, захираи гази моеъ дар вилоят дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013, 2090 тонна кам гардидааст. Зарур аст дар ҳамкорӣ бо соҳибкороне, ки фаъолияташон дар ин самт равона мебошанд, омодагии муносибро ба нақша гирифта, талаботи афзояндаи аҳолиро ба гази моеъ дар фасли зимистон бо пуррагӣ таъмин намоянд.
Ба муассисаҳои давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилояти Суғд барои тайёрӣ ба фасли зимистони солҳои 2014-2015 5241м3 маводи зиддилағжиш, 53 тонна ангиштсанг ва 99 м3 ҳезум захира кардаанд, ки 100% ҳаҷми нақшавӣ мебошад. Аз 19 адад техника 5 ададаш барои нигоҳдории ағбаи Анзоб, 7 адад барои ағбаи Шаҳристон, ва 7 адади дигар барои ағбаи Фароб вобаста мебошанд. 213 адад либоси гарм аз ҳисоби вазорати нақлиёт барои зимистонгузарони ҷудо гардидааст.
Вазорати нақлиётро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва зерсохторҳояш дар вилояти Суғд, роҳҳои нақлиётии аҳамияти стратегӣ доштаро дар фасли зимистон пайваста аз барф тоза намуда, ҳаракати мунтазами ҳама намуди нақлиётро бо вилояти Суғд таъмин намояд.
Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ оид ба захира кардани хўроки чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ, нақшаи хуроки дурушти пешбинишуда 251015 тоннаро ташкил мекунад. Нақшаи пешбинишуда, вобаста ба афзоиши талабот ба хўроки чорво барои соли ҷорӣ нисбати соли 2013 111,7% % зиёд мебошад. Нишондиҳандаи иҷроиши вазъи омодагардонӣ барои хўроки ширадор бошад ба 01 сентябри соли ҷорӣ 11011 тонна ё ин ки 36,8% ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаи умумии соли 2013 105,4%-ро ташкил мекунад. Ба Вазорати кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҷиҳати бе талафот аз зимистон баровардани саршумори чорвои вилоят дар фасли зимистон чораҷўи намоянд.
Тибқи нақшаи Раёсати «Тоҷикматлубот», ҷамъият барои зимистонгузаронии солҳои 2014-2015, таъмини маҳсулотҳоро дар ҳаҷми зерин бояд иҷро намояд: — сабзавот 5800 тонна, пиёз 5500 тонна, картошка 3900 тонна, меваи тару тоза — 600 тонна, зироатҳои полезӣ 750 тонна, маҳсулоти ғаллагӣ 1170 тонна ва консерва 720 туб. Вобаста ба ўҳдадориҳои гирифта, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд бо хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят 218 адад шартнома, барои хариди 16652 тонна, аз ҷумла 7191 тонна пиёз, 5165 тонна картошка шартнома баста маблағи 1065 ҳазор сомонӣ пешпардохт намудаанд.
Нақшаи захираи ангишт дар Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд 11000 тонна мебошад ва то 18 сентябри соли 2014 аз корхонаҳои коркарди ангишти ҷумҳурӣ дар асоси шартномаҳои ба имзо расонидашуда ба миқдори 7121 тонна ангишт ворид гардидааст, ки 6372 тоннаи он ба ташкилотҳои буҷетӣ ва аҳолӣ фурўхта шуда, дар бақия 749 тонна ҳисобӣ дорад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои гирифтаи худ, Ҷамъияти Тоҷикматлуботро лозим аст, ки корҳои захира намуданро сари вақт ба анҷом расонад.
Дар интиҳои гузориш муовини Сарвазири кишвар зикр намуд, ки масъалаи мазкур пайваста моҳе як маротиба дар Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди омўзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешавад ва камбудиҳои ҷойдошта ошкор ва аз ҷониби намояндагон дар минтақаҳо бояд бартараф карда шавад.
Тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода яке аз масъалаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта иҷрои он аз роҳбарони ҳама зинаҳои давлатдорӣ масъулияти баланд ва кордонии аниқро талаб менамояд.
Ёдрас менамоем, ки ҷаласаи якуми фарогири масъалаҳои омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронӣ рўзи 16-уми сентябр дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид. Дар назар аст, ки силсилаҷаласаҳои зимистонгузаронӣ дар ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рўзҳои 24 ва 27 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе баргузор гарданд.