Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Ҳифзи муҳити зист»
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” ва “Дар бораи иттилооти экологӣ”, дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷамъбасти озмуни вилоятии «Ҳифзи муҳити зист» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун ҳавасманд намудани рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, аз вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма фаъолона иштирок намуда, дар номгӯи «Бахши радио» муҳаррири радиои вилоятии “Садои Хуҷанд” Раҳимҷон Аҳмадов сазовори ҷои дуюм, дар номгӯи “Бахши телевизион” рўзноманигори шабакаи телевизион ва радиои “Азия” Мастонаи Мўъминҷон сазовори ҷои сеюм гардид.
Дар сатҳи вилоятӣ дар номгӯи «Бахши телевизион» ба муҳаррири барномаи телевизионии «Муҳит» Фарҳод Қосимов, дар номгӯи «Бахши матбуот» рўзномаҳои “Ҳақиқати Суғд”, “Маърифати ҳуқуқӣ” ва “Тирози ҷаҳон” барои мусоидат дар таблиғи маърифати экологӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ, мунтазам чоп намудани мавод ва гузоришҳои экологӣ сазовори диплом ва мукофотҳо гардиданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






