Ҷасалаи Комиссияи байниидоравии равандҳои экологӣ

Сентябрь 1, 2014 09:57

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Ҳафтаи гузашта дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова оид ба иҷрои қарорҳои раиси вилоят сухан гуфт.
Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати иҷрои қарори мазкур корҳои муайян ба анҷом расиданд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуллои Қодирӣ,  дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Айнй, Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ норасоиву камбудиҳо ба чашм расиданд. 
Аз ҷониби муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба раисони комиссияи шаҳру ноҳияҳои вилоят супоришҳои мушаххас дода шуданд. 

Сентябрь 1, 2014 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад