Ҷашни Истиқлол дар Хатлонзамин

Сентябрь 10, 2014 16:58

Ховалинг, 10.09.2014 (АМИТ «Ховар» , Сулаймони Хол).- Ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо тантана таҷлил намуданд.
Сокинони ноҳияи Ховалинг бо ҳисси ифтихор аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин ҷашни фархундаро таҷлил намуданд. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар майдони варзишии ноҳия намоиши ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуд, ки дар он ҳунармандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати хоҷагиҳои ноҳия, самараи заҳмат, намунаи дастовард ва эҳёи ҳунарҳои миллиро ба маъраз гузоштанд. Бо шарофати истиқлолият ин ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон бо вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, қомат афрохтани иншооти нав ва таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ сол аз сол ободу зебо мегардад. Дар давоми 8 моҳи соли равон дар ноҳия бо дастгирии ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 63 милиону 348 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардид, ки аксари иншоот ба соҳаи маориф тааллуқ дорад. Дар ин давра ҳамчунин дар назди корхонаи «Тиллои тоҷик» қитъаи 3- юм бо ҷалби 110 нафар коргар, корхонаи заршӯии «Исроил — 2011» бо таъмини 70 ҷои нави корӣ, корхонаи заршӯии «Гули Мурод» бо ҷалби 60 нафар  ба фаъолият оғоз намуд, ки дар корхонаҳои мазкур дар маҷмӯъ 240 нафар  бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Дар шаҳри Кӯлоб низ чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва фароғатӣ доир гардиданд. Дар ҳамин замина дар маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо ибтикори ҳафтавори «Пайк» конфронс таҳти унвони «Пайки истиқлол» баргузор шуд, ки дар он аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ёдрас шуда, нақши Истиқлолияти давлатиро дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, хусусан матбуот назаррас арзёбӣ намуданд.  
 
 

Сентябрь 10, 2014 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад