Ҷавонӣ- айёми муҳими омӯзиш

Сентябрь 1, 2014 15:57

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон аз даврони донишҷӯӣ ҳарф зада, ин айёмро  на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳими омӯзиш, аз худ кардани илму дониш, касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ тавсиф намуд. 
«Таҳсил намудан кори хеле душвор ва заҳматталаб аст. Он на танҳо аз ҳар як фарди донишҷӯ, балки аз устодону волидайн низ сабру таҳаммул, серталабӣ ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд»-зирк намуд Президенти кишвар.
Сарвари Давлат ба ҳамаи донишҷӯён муроҷиат намуд, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми неруи худро барои аз бар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд.
«Фаромӯш насозед, ки ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба донишандӯзии имрӯзаи шумо вобастагӣ дорад»,- иброз намуд Э. Раҳмон.

Сентябрь 1, 2014 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад